Муҳоҷири тоҷик духтараки 15-солаи русро таҷовуз кард

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси духтари 15-солаи рус дар Санк-Петербург муттаҳам мешавад. Мард дар боздошт қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кормандони пулиси Русия дар шаҳри  Санкт-Петербург марди 35-солаи тоҷикро, ба иттиҳоми таҷовузи духтари 15-сола дастгир кардаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Санкт-Петербург иттилоъ медиҳанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷиноят дар кӯчаи Партизан Германи ноҳияи Красноселски шаҳри Петербург сурат гирифтааст.

"Муттаҳам ба номуси духтари 15-сола дар истгоҳи ҳипермаркете дастдарозӣ кардааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Васии духтарак, зани 65-сола ба полис хабар додааст, ки набераашро таҷовуз кардаанд.

Кормандони полус дар пайи чораҳои бозҷӯӣ шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодисаи нангин боздошт карданд.

Мақомот бидуни ифшои номи ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар ҷое кор намекард ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Тафтишот идома дорад.