Вазъи ваҳими ду кӯҳнавард ва бозгашти се нафари онҳо ба Русия

Кӯҳнавардонро пас аз наҷот додан ба бемористони Истиқлоли пойтахт бистарӣ кардаанд. Се нафар аз кӯҳнавардони рус имрӯз ба Русия баргаштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон имрӯз, 14 август хабар дод, ки кӯҳнавардони дар суқути чархболи Ми-8 осебдида, дар бемористони Истиқлоли Душанбе бистарӣ шудаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, се тан аз ҷабрдидагон-шаҳрвандони Русия пас аз як рӯзи табобат дар бемористон ба Ватан интиқол ёфтаанд.

"Се кӯҳнавард ба ватанашон Русия баргаштанд. Ҳоло дар бемористон 9 тан аз ҷабрдидагони ин садама бисторӣ ҳастанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Табибон вазъи ду кӯҳнавардро, ки яке шаҳрванди Испания ва дигаре Русия ҳастанд, ваҳим арзёбӣ кардаанд.

" Табибони бемористони Истиқлол мегӯянд, ҳама чораҳои имконпазирро барои наҷоти ҷони захмиён меандешанд. Дар мавриди ҳоли 7 нафари дигар духтурон хушбинанд ва мегӯянд иддае хеле ба зудӣ аз бемористон хориҷ мешаванд", — афзудааст КҲФ.

Ёдрас мешавем пештар хабар дода шуд, ки садамаи чархбол 12 август соати 16:30  дар поёноби пиряхи Фортамбек дар минтақаи ноҳияи Лахши вилояти Хатлон рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса се кӯҳнавард ва ду сарнишин ҳалок шуданд.