Кумита: кофтукоби чархболи суқуткарда бо 16 нафар идома дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон чархболи суқуткарда бо 16 нафар дар куҳҳои ноҳияи Лахшро кофтукоб доранд. 

Тибқи иттилои КҲФ, чархбол шоми 12-уми август ба куҳ бархӯрда, тамос бо он қатъ шудааст.

"Ба маҳалли ҳодиса то ҳол се чархбол равона шуданд. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд",-омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Қаблан масъулини КҲФ изҳор доштанд, ки  чархбол танҳо нишасти сахт анҷом дода, тамос ба далели тамом шудани нерӯи дастгоҳҳои алоқа қатъ шудааст.

Кумита: иртибот бо куҳнавардон дар Лахш барқарор шуд

Бар асоси иттилоияи қаблии КҲФ, садама 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли 13 куҳнавард ба қароргоҳашон дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

"Чархбол, ки ҳомили 3 халабону 13 куҳнавард будааст, нишасти изтирории сахт анҷом додааст",- иттилоъ дода буд КҲФ. 

Инчунин КҲФ шаби гузашта хабар дода буд, ки тақдири халабону куҳнавардон рӯшан нест, чун тамос бо чархбол қатъ шудааст.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ин нишасти изтирорӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст, аммо мақомот ҳанӯз инро тасдиқ накардаанд. Миёни куҳнавардон шаҳрвандони собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Русияю Белорусия ва аврупоиҳо будаанд.

Ба иттилои КҲФ барои муайян намудани ҷузъиёти ҳодиса аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи амният, ВУД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазоратҳои мудофиа ва тандурустӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шудааст. Мақомот ба далели қатъи алоқа бо маҳалли ҳодиса аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карда буданд.

Гуфта мешавад, садама дар ҳоле рух дод, ки куҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ шӯравӣ мебошад.