Таъсиси ниҳоди нав ва фармоиши электромобилҳо барои мусофирбарӣ дар Тоҷикистон

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз таъсиси Шӯрои соҳибкории "Тоҷикистон-Қазоқистон" иттилоъ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матуоти ПСС, санад дар бораи таъсиси Шӯрои муштарак аз ҷониби Шариф Саид, раиси ПСС Тоҷикистон ва Нуралӣ Букейханов, ноиби раиси Палатаи савдои хориҷии  Қазоқистон имзо шуд.

Миёни Душанбе ва Хуҷандро автобусҳо мусофирбарӣ хоҳанд кард

Манбаъ афзуд, дар пайи таъсиси Шӯро, нахустин ҷаласаи он бо иштироки намояндагони 20 корхонаи соҳаҳои гуногуни Қазоқистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда, таъкид намудаанд, ки феълан 84 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият мекунанд.

Доираҳои соҳибкории Қазоқистон аз фаъолтарин иштирокдорони намоишгоҳи "Тоҷикистон 2018" арзёбӣ шуданд, ки то 13 август дар Душанбе идома хоҳад дошт.

Намояндагони Қазоқистон аз таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба автомобилҳо, махсусан электромобилҳо иттилоъ дода, таъкид намудаанд, ки аллакай аз як ширкати мусофирбарии Тоҷикистон барои интиқоли электромобилҳо ба кишвар фармоиш гирифтаанд.