Ҳикматуллозода гуфт, Ҳукумат барои "Роғун" эҳтимол боз қарз мегирад

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, Ҳукумат баробари маблағгузории нерӯгоҳи "Роғун" аз буҷа, роҳҳои дигари ҷалби сармоя ба ин лоиҳаро баррасӣ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҳикматуллозода мегӯяд, феълан барои сохтмони "Роғун" Ҳукумат бо созмонҳои гуногуни молиявӣ гуфтушунид дорад.

Ӯ дар суҳбат бо РИА Новости зикр кардааст, ки соли гузашта аз ҳисоби гузоштани вомбаргҳои давлатии Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ 500 миллион доллар барои бунёди Роғун ҷалб гардид. Вазири тоҷик таъкид намудааст, ки эҳтимол дар оянда Ҳукумат боз аз ин роҳ, яъне гузоштани вомбаргҳои давлатӣ дар бозори ҷаҳонӣ барои ҷалби сармоя ба Роғун истифода хоҳад кард.

Насиҳати Эмомалӣ Раҳмон дар сарбанди "Роғун": ин ҷузъи асосии нерӯгоҳ аст

Дар мавриди ҳушдори коршиносон, ки ҷалби сармоя ба "Роғун" тариқи евробондҳо сарбориро ба буҷаи давлати Тоҷикистон аз ҳад зиёд мекунад, Ҳикматуллозода изҳор доштаст, ки қарзи хориҷии кишвар ба ҳадди хатарнок нарасидааст.  

Ӯ иддаоро, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 50 дарсади ММД баробар шудааст, рад намудаст. Ҳикматуллозода бо такя ба иттилои Вазорати молия изҳор доштаст, ки то 1 июл қарзи хориҷӣ ба 2,9 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки 38,9 дарсади ММД-ро ташкил додааст.

Насиҳати Эмомалӣ Раҳмон дар сарбанди "Роғун": ин ҷузъи асосии нерӯгоҳ аст

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон аз фурӯши бомуваффақияти 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони "Роғун" дар бозори ҷаҳонӣ иттилоъ дода, афзуда буд, ки ширкатҳои триллионери ҷаҳон омодаанд, то 4,5 миллиард доллар вомбаргҳо барои  "Роғун"-ро харанд.

Ба иттилои манбаъ, 9 маротиба зиёд будани дархостҳо барои хариди вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 290 сармоягузори байналмилалӣ имкон дод, ки фоизи вомбаргҳо аз 8 ба 7,1 фоиз поин фароварда шуд.

Бонки миллӣ афзуда буд, ки вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба идоракунандагони фондҳо (85%), аз ҷумла ба сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), давлатҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) фурӯхта шуданд.