Имсол ҳоҷиёни тоҷикро шинохтан осонтар шуд: онҳо дар тан либоси ягонаи рангаш кабуд доранд.
Дар синаи ҳар як сафаркунандаи Ҳаҷ корти шиносоӣ овехта шудааст, ки дар он ному насаб, шаҳрвандӣ ва шумораи телефони онҳо навишта шудааст.
Кумитаи дин ин иқдомҳоро барои гум нашудани зоирони тоҷик ҳангоми адои ҳаҷ пешбинӣ намудааст.
Дар ҷойҳои муқаддас, ки маъмулан садҳо ҳазор мусалмон ҷамъ мешаванд, гум шудан осон аст, афзун бар ин дар ҳавои гарм ва одами бисёр зоирон метавонанд бемор шаванд. Дар чунин ҳолатҳо корти шиносоии онҳо зарур мешавад.
Дар умум имсол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар равонаи Ҳаҷ шуданд.
Бори аввал зоирон дар фурудгоҳ изи ангушт супориданд.