Ширкати туркӣ сайёҳони маҷруҳ ва кушташуда дар Данғараро ба Ватан расонд

Ким Айрис, сайёҳи ҳолландӣ ва хонум Дименд Марӣ Клер аз Швейтсария, ки дар амали террористӣ дар Данғара ҷароҳат бардошта буданд, ба Ватан баргаштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сайёҳони ҷароҳатбардошта тариқи ширкати ҳавопаймоии  Turkish airlines ба Ватан расонда шуданд.

Манабаъ мегӯяд, ҷасади 4 сайёҳи кушташуда низ тариқи ин ширкати туркӣ ба Истанбул ва аз он ҷо ба зодгоҳашон фиристода шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии 29 июл дар ноҳияи Данғара,  4 сайёҳ — Остин Ҷей, Лаурен Анне, шаҳрвандони ИМА,  Воке Рен Виллем,  шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус, шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Марӣ Клер ҷароҳат бардошта буданд.