Дар Узбакистон тарбузи аҷибе рӯидааст: онро наметавон бо корд бурид ё ба замин зада кафонид.
Дар навор чанд мард кӯшиш доранд тарбузро бар замин зада кафонанд.
Онҳо ҳатто тарбузро аз баландии 2 метр ба замин меандозанд, аммо тарбуз ба монанди тӯб бозӣ карда, намекафад.
"Ин тарбузи худрӯй аст"- мегуяд дар навор яке аз онҳо.
Тарбуз чанд маротибаи дигар ба замин мезананд, аммо бенатиҷа. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин тарбузи аҷибро ба тӯб монанд карда, навиштаанд, ки "инхелашро бори аввал мебинем".