"Шенген"-и Осиё: Тоҷикистон бо ҳамсояҳо "визаи абрешимӣ"-ро баррасӣ дорад

Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ роҳандозии "Раводиди абрешимӣ"-ро баррасӣ доранд, ки дар мисоли "Шенген" дар қаламрави минтақаи Осиё амал хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Олим Салимзода раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон ин ташаббусро хеле ҷолиб арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намудаст, ки Ҳукумат ва парлумони кишвар аз ин иқдом ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Тавре хабаргузории ТоҷикТА аз қавли Олим Салимзода хабар медиҳад, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори чунин ташаббусҳо барои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

"Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори бартараф кардани монеаҳои сунъӣ аз роҳи ҳаракати сайёҳон, маблағ ва хадамот дар Осиёи Марказӣ аст. Аз ин рӯ бо боварии том метавон гуфт, ки Тоҷикистон роҳандозии раводиди абрешмӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард", — изҳор доштаст Салимзода.

Намояндаи мардумии Тоҷикистон муътақид аст, ки роҳандозии чунин иқдом рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказиро такон медиҳад ва боиси афзоиши даромади кишварҳои минтақа аз сайёҳӣ хоҳад шуд.

Дар сурати татбиқи ин ташаббсу сайёҳон метавонанд бо як раводид зимни сафарашон аз тамоми кишварҳои минтақа дидан намоянд.

Қаблан Дарига Назарбоева, духтари раисиҷумҳур ва мақомдори Сенати ин кишвар ба Узбакистон пешниҳод карда буд, ки чунин як "раводиди абрешимӣ" ташкил карда шавад. Ӯ ҳадафи пешниҳодашро ҳавасмандгардонии сайёҳон аз хориҷи дур ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфта буд.