Таъини нахустин ректори "UCA"-и Оқохон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон

Суҳайл Нақвӣ, нахустин ректори Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Оқохони IV бунёд гардид, таъин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Тибқи иттилоияи расмӣ, Суҳайл Нақвӣ роҳбарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ба уҳда дошта, ояндаи наздик боздидаш аз ин кишварҳо дар назар аст.

Нақвӣ то таъинаш ба мақоми нав, ки аввали моҳи август сурат гирифт, давоми 5 соли гузашта ноиби канслери Донишгоҳи менеҷменти Лоҳур — "LUMS" фаъолият кардааст. Тайи солҳои роҳбарияш "LUMS" дар раддабандии донишгоҳҳои Осиё аз мақоми 190 дар соли 2013 то ба зинаи 103 дар соли 2018 расидааст.

Бо супориши раисҷумҳур: ҷавонони Душанбе аз UCA Хоруғ боздид карданд

Нақвӣ инчунин давоми 8 сол мудири иҷроияи Комиссияи ҳукумати Покистон оид ба таҳсилоти олӣ буда, ба афзоиши таҳқиқот ва 4 баробар зиёд шудани муҳассилин ноил шудааст.

Инчунин ректори нахустини ДОМ таҷрибаи зиёди пажуҳишу таълим дар Амрико ва Покистонро дошта, ба ҳайси мушовири Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд дар умури таълим фаъолият мекунад. Барои саҳмаш дар рушди маориф ҷоизаҳои Покистон ва Аврупоро ба даст овардааст.

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардидааст.