Оғози таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон

Авалин мавҷи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, ки пас аз тавофуқномаи ҳастаӣ дар соли 2015 мутавақиф шуда буд, дубора ба иҷро гузошта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи душанбеи 6-уми август бо имзои як санад, дар бораи бозгашти таҳримҳои Эрон эълон намуд. Вай дар маросими имзои ин фармон таъкид кард, ки сиёсати Амрико, ба хотири ишор овардани ҳарчӣ бештар ба иқтисоди Эрон мебошад.

Раисҷумҳури Амрико гуфт, ки созишномае, ки дар соли 2015 бо Эрон бар ивази бекор кардани таҳримҳо ба имзо расида буд, "созиши ваҳшатнок ва яктарафа" будааст.

Эрон аз дахолати Амрико дар умури дохилиаш ба СММ шикоят кард

Инчунин, Амрико аз тамоми кишварҳои талаб намудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодиашонро Эрон қатъ намоянд. Дар ҳолати қатъ накардани ҳамкориҳо ширкатҳои хориҷӣ бо оқибатҳои шадиде рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Русия, Чин ва Аврупо, ки шарикони асоссии Эрон мебошанд, шарҳ доданд, ки таҳримҳои Амрикоро риоя нахоҳанд кард.

Доналд Трамп таъкид кардааст, ки ҳамчунон омодаи дастёбӣ ба созиши ҷомеъ ва комил бо Эрон аст.

Аммо раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ иқдоми Амрикоро маҳкум кард ва гуфт ҳадафи Трамп аз тарҳи бархе изҳорот, аз ҷумла омодагии музокира бо Эрон ин аст, ки бо эҷоди ҷанги равонӣ мардуми Эронро дучори тардид кунад ва аз он барои интихоботи Конгресс дар моҳҳои оянда истифода барад.

Вазири дифоъи Эрон: Амрико посухи хисорот ба моро хоҳад гирифт

"Акнун Трамп бо ироаи пешниҳоди музокира бо Эрон дар садад аст, зимни ҷуброни эътибори аздастрафта худро дӯсти миллати Эрон муаррифӣ кунад. Касе, ки иддао мекунад, тамоил ба музокира дорад, бояд бидонад, ки аввалин мабнои музокира садоқат аст, аммо тарафи муқобил касе аст, ки бидуни музокира аз тааҳҳудоти байналмилалӣ, хориҷ шудааст, ба далел дил бастан ба музокира бо чунин фарде беҳуда аст", — гуфт Рӯҳонӣ.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки барои бартараф намудани бархе аз мушкилот пас аз иҷрои даври ҷадиди таҳримҳо зидди Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ итминон дод, ки давлат тамоми тавони худро барои мудирияти иқтисод ва ҳалли мушкилот гузоштааст.