Шарҳи вазири тоҷик дар бораи қарздорӣ аз СММ: 15,4 млн-ро додем

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, саҳми имсолаи Тоҷикистон дар буҷаи СММ 22 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Қаҳҳорзода, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз 22 миллиони пешбинишуда, Тоҷикистон то ҳол 15,4 миллион сомонӣ пардохт кардааст.

Ӯ иддаои маҳрум шудани Тоҷикистон аз ҳаққи овоздиҳӣ дар СММ-ро рад карда, изҳор дошт, ки кишвари мо дар назди ин созмон қарздор нест.

Ин дар ҳолест, ки Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, охири июл бо ирсоли як нома ба кишварҳои узви созмон аз вазъи молӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Нигаронии СММ аз қарздорҳо: Тоҷикистон ҳам саҳмашро пардохт накардааст

Тавре сомонаи СММ хабар дода буд, Гутерриш дар номааш аз кишварҳои узв даъват намудааст, ки саҳми худро дар буҷаи созмон саривақт пардохт намоянд.

СММ феҳрасти 112  давлати дунёро нашр карда буд, ки саҳми худро дар буҷаи СММ пурра пардохт кардаанд, аммо Тоҷикистон дар он номгуй набуд. Бар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид то ҳол 81 давлати дунё саҳми худро дар буҷаи ин созмон пурра пардохт накардаанд ва Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо арзёбӣ шуда буд.

Ҳаҷми маблағи воридшуда ба СММ то моҳи июни соли ҷорӣ 1 миллиарду 49 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондод соли гузашта муодили 1 миллиарду 70 миллион доллар будааст.

Дар феҳрасти кишварҳои қарздор аз СММ инчунин ИМА, Эрон ва Арабистони Саудӣ зикр шудаанд.

Стефан Дужаррик, намояндаи СММ гуфт, вуруди маблағ ба СММ тайи нимсолаи гузашта,  аз поинтаринҳо тайи таърихи созмон мебошад. Ӯ изҳор доштааст, ки созмон роҳҳои кам кардани хароҷотро кофтукоб хоҳад кард.