Гринин: ҳимояи ҷаҳонгардон аз террор дар Тоҷикистон кори пулис нест

Сергей Гринин, коршиноси рус дар масоили амниятӣ мегӯяд, пулис тавони ҳимояи ҷаҳонгардон аз амалиёти террористӣ дар Тоҷикистонро надорад. Аммо ташкили шуъбаи махсуси ҳимоя аз сайёҳон барои имиҷи кишвар хуб аст ва метавонад обрӯи кишварро дар назди сайёҳони хориҷӣ боло барад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Баъд аз ҳамлаи террористии ахир нисбати сайёҳони хориҷӣ дар Данғара, ВУД Тоҷикистон тасмим гирифт барои ҳимояи ҷаҳонгардон шуъбаи нав ташкил намояд.

Сергей Гринин, коршиноси рус дар масоили амниятӣ, бар онаст ки кормандони пулис тавоноии ҳимоят аз амалиёти террористиро надорад.

Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Данғара барои кӯмак дар ошкори ҳамла ба сайёҳон

"Кормандони пулис наметавонанд аз амалҳои террористи ҳиямоят намоянд, ин вазифаи онҳо нест, балки ин вазифаи хадамоти махсус аст",- таъкид кард вай.

Ба гуфтаи вай, тасмими таъмини амнияти ҷаҳонгардон аз сӯи пулиси Тоҷикистон, обрӯи кишварро дар назди меҳмонони хориҷӣ баланд бардошта, новобаста аз фоҷеаи рухдода, метавонад ҷалби сайёҳони хориҷиро ба кишвар бештар намояд.

"Агар амали террорситӣ шурӯъ шавад, пеши роҳи онро гирифтан бисёр мушкил аст. Аз амали террористӣ ин иқдом пешгирӣ карда наметавонад. Аммо метавонад баъзе аз душвориҳои хурдро бартараф кунад. Агар сайёҳони хориҷӣ донанд, ки дар Тоҷикистон ниҳоди махсус барои ҳимояи онҳо мавҷуд аст, онҳо бештар ба Тоҷикистон меоянд", — афзуд Гринин.

Супориши Раҳмон баъди ҳодисаи Данғара: дар ВУД шӯъбаи сайёҳии милиса ташкил шуд

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар назди Шӯъбаи пулис дар масоили экологии ВУД шӯъбачаи сайёҳии милиса таъсис дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, вазифаи шӯъбаи нав, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳону ҷиноят нисбати сайёҳон мебошад.

"Минбаъд агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд", — изҳор дошт ВУД.

Ҳамла ба сайёҳон 29 июл дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.