ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзмарраи ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Узбакистон, ҳамчунин, бо фазои умумии корӣ ва равандҳои соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя ошно хоҳад шуд, иттилоъ додааст маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру вилояти Тошканд, як донишгоҳ, як иттиҳодияи тиҷоратӣ ва марказҳои фурӯши либоси маҳаллӣ дидан карда, бо ҳамтоёни узбак ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар сатҳҳои гуногунро баррасӣ мекунад.
Қарор аст, миёни нассоҷони ду кишвар созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расад.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Узбакистон соҳаи муҳимми содиротӣ маҳсуб гардида, рушди босуръат дорад.
"Мо аз таҳаввулоти нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон хеле хушҳолем, зеро ин таҳаввулот ба мо имкон дод, то ин сафар ба кишвари ҳамсояро ташкил намуда, аз таҷрибааш биомӯзем. Шиносоӣ бо барномаву дастгириҳои давлатии саноати нассоҷиву дӯзандагии кишвари ҳамсоя низ ҷузви барномаи сафар аст. Ман мутмаинам, ки ин сафар барои намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон манфиати зиёд дошта, имкон медиҳад, то ба кишварамон бо идеяҳои нав ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва боз ҳам беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ баргарданд. Ҳамчунин, ин сафар дари бозори наверо ба рӯи ширкатҳои мо боз карда, имкони барқарор сохтани робитаҳои навро медиҳад", — таъкид кард вай.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзмарраи ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Узбакистон, ҳамчунин, бо фазои умумии корӣ ва равандҳои соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя ошно хоҳад шуд.
Ин сафар дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) муштаракан аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Иттиҳодияи "Узтекстилпром", ширкатҳои консалтингии тоҷикистонии "ACT Development Group" ва "Business Consulting Group" созмон дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.