Дар Маскав ширкати таҳияи асноди қалбакӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ошкор шуд

Кормандони Вазорати умури дохилии Русия дафтари фурӯши ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ ба муҳоҷирони меҳнатиро дар Маскав ошкор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Маскав кормандони пулис панҷ нафарро дастгир намуданд, ки дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доштаанд, хабар додааст дафтари матбуоти ВУД Русия.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони пулис шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷи наздикро дастгир намуданд.
Амалиёти боздошт аз тарафи кормандони пулис дар якҷоягӣ бо "ФСб"-и Русия аҷом ёфтааст.

Сад муҳоҷир дар вилояти Маскав боздошт шуданд

Маълум гааштааст, ки гумонбарон ба муҳоҷирони меҳнатӣ кортҳои муҳоҷиратии ғайриқонунӣ омода мекарданд.
Кормандони пулиси Русия ба ҳайси мизоҷ аз гумонбарон ҳуҷҷатҳои лозимаро харидорӣ намудаанд. Зимни санҷиш маълум гашт, ки ҳуҷҷатҳои харидашуда, қалбакӣ мебошанд.

Баъд аз кофтуби дафтари кории гумонбарони ҷиноят, шиносномаҳои, кортҳои муҳоҷиратӣ, муҳрҳои гуногун, муҳрҳои ФСБ ва ВУД Русия, инчунин муҳрҳои Қазоқистон низ пайдо гашт.

ВУД Русия вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.