Оғози Ҳаҷ - 2018 ва насиҳати раиси Кумитаи дин: ҳоҷӣ бояд намунаи дигарон бошад

Рӯзи якшанбеи 5-уми август нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода, раиси ин ниҳод зимни гусели зоирини тоҷик дар хитоб ба онҳо гуфт, зиёрати хонаи Худо дар марҳилаҳои баъдии зиндагӣ масъулияти шуморо дар ҷомеа афзунтар мегардонад.

Қарори Рустам Эмомалӣ дар барои оғози мавсими "Ҳаҷ-2018"

"Шахсе, ки мушаррафи зиёрати хонаи Худо мегардад, бояд бо кору кирдораш дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошад"-изҳор дошт раиси Кумита.

Тибқи иттилои Кумита, имсол зиёда аз 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои зиёрати маносики ҳаҷ сафарбар мегарданд.

Арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018»  33 ҳазору 410 сомонӣ муайян шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар ҳақ дорад, ки дар 5 сол як маротиба

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор дошт, ки баъзе ҳамватанони мо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд.

"Дар ҳоле ки метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷашон, таъмири роҳи деҳаи худ ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.