ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тавре расонаи интернетии nuz.uz хабар медиҳад, ҷасади Акрамов дар яке аз утоқҳои бинои Сарраёсат пайдо карда шуд.
Манобеи Sputnik дар мақомоти умури дохилии Тошканд иттилоъ доданд, ки ба эҳтимоли зиёд Акрамов аз сӯи нафари шинос кушта шудааст.
"Парванда аз рӯи ин ҳодиса феълан дар тафтиши додситонии кулли Узбакистон қарор дорад", — изҳор дошт манбаъ.
Дилшод Акрамов аввали моҳи июл ба мақоми сардори Сарраёсати дидбонӣ, пайраҳадорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВУД таъин шуда буд. Марҳум қабл аз ин роҳбарии Раёсати пешгирии қоидавайронкунӣ дар Сарраёсати пулиси Тошкандро ба уҳда доштааст.