“Тоҷик Эйр” нархи чипта ба Самарқандро ду баробар арзон кард

Ширкати “Тоҷик Эйр” нархи чиптаи ҳамопаймо дар масири Душанбе - Самарқандро ду баробар коҳиш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати "Тоҷик Эйр",  нархи чиптаи парвоз дар самти Душанбе-Самарқанд 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Душанбе-Самарқанд: хатсайри нави ширкати "Тоҷик Эйр"

"Парвоз дар хатсайри Душанбе-Самарқанд бо ҳавопаймои Boeing 737-300 сурат мегирад. Вақти парвоз аз Душанбе ба Самарқанд 35 дақиқаро ташкил дода, нархи чипта ҳамагӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан чиптаи ҳавопаймо барои хатсайри Душанбе-Самарқанд ба маблағи 650 сомонӣ фурӯхта мешуд. 

"Тоҷик Эйр" сабаби арзон кардани нархи чиптаро, иқдом ба муносибати соли сайёҳӣ эълон карда, изҳор доштааст, ки ҳадаф зиёд намудани рафтуомади сайёҳон мебошад.