SMS-ҳои дурӯғ: санҷиши Маркази тестӣ "прикол"-и довталабонро ошкор кард

Маркази миллии тестии назди Президент иддаои довталабонеро, ки қабл аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо паёмак дар бораи дохилшавӣ ба донишгоҳҳоро гирифтаанд, санҷидаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik.  Абдулвосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестӣ имрӯз, 3 август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳанӯз қабл аз эълони натиҷаҳо бархе аз довталабон ба ин ниҳод муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки аллакай донишҷӯ шудаанд ва паёмакҳоро дар бораи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ироа кардаанд.

Бисту як ҳазор довталаб аз имтиҳони Маркази тестӣ нагузаштанд

Ба гуфтаи  Юлдошев дар пайи санҷиш маълум гардид, ки паёмакҳоро на масъулини Маркази тестӣ, балки дӯстони довталабон ба онҳо равон кардаанд, то хурсанд шаванд. Санҷиш маълум кардааст, ки ҳазли бархе аз дӯстон боиси нофаҳмии довталабон шудааст.

Дар мавриди иддаои бархе аз волидон, ки мегӯянд, фарзандони довталабашон дар бораи натиҷаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ паёмак нагирифтаанд, Юлдошев изҳор дошт, ки гуруҳе аз довталабон аз тарси волидон паёмакҳо дар бораи натиҷаҳои манфиро аз телефонҳояшон тоза мекунанд.

Дар маҷмуъ тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ соли равон, 82 ҳазор нафар дар имтиҳоноти дохилшавӣ иштирок намуда, 22 ҳазор нафарашон ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфтаанд.

Ба иттилои ин ниҳод нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии олию касбӣ дар соли ҷорӣ наздики 68 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Озмуни тақсимотӣ дар кишвар 7 август дар назар аст.