Юлдуз баъди рақси ҷанҷолӣ: аз ҳоҷигиам ба Худо посух медиҳаму дар зиндагӣ рақс мекунам

Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова ба мунаққидони рақси шӯхаш посух дод. Вай гуфт, ки баробари ҳоҷӣ будан аз зиндагиаш розӣ аст ва барои ҳамин то имрӯз дар саҳнаҳо рақс мекарду дар оянда ҳам хоҳад кард
Sputnik

Се рӯз пеш Юлдуз Усмонова низ ба флешмоби Kiki Challenge ҳамроҳ шуд: дар он овозхон зери ҳавои сурди ҳунарманди амрикоӣ Дрейк In My Feelings дар назди мошини рафтаистода рақси шӯхе иҷро мекунад.

 

Пас аз он ки навори рақси Усмонова  дар интернет паҳн шуд, он вокунишҳои зиёде узбакистониёнро дар пай дошт.

Бархеҳо гуфтанд, ки рақси примадоннаи узбек бениҳоят зебо буд, баъзеҳо, ба тавофи Каъба рафта Усмоноваро ба назар гирифта, навиштаанд, ки ин рақсҳо муносиби ӯ нест.

Юлдуз Усмонова дар посух ба ин вокунишҳо навори дигаре сабт карда, ба мунаққидонаш посух гуфтааст.

"Ман сиву панҷ сол аст, ки дар саҳна ҳастам ва сиву панҷ сол аст, ки рақс мекунаму суруд мехонам. 30 ҳазор ё 40 ҳазор мухлис нишаста аз тамошои барномаҳои мо гиря мекунанд, мо барои онҳо ҳунарнамоӣ мекунем, касе ба ин чизе намегӯяд. Ҳоло бошад, ба ман киноя кардаанд, ки "ҳоҷиона" (ҳоҷӣ) ҳастам. Ҳоҷигиамро Худо қабул кунад. Ман дар он ҷо посух мегӯям", — гуфтааст Усмонова.

Ҳунарманд дар охир шӯхиомез афзудааст, "30 сол рақс карда омадам ва минбаъд ҳам рақс хоҳам кард. Барои он ки ман аз зиндагии худ розӣ ҳастам ва табъам хуш аст ва барои шумо ҳам табъи хуш хоҳонам".