Дархости кӯмаки модари сегоник аз Муҳаммадзода ва аксуламали раиси шаҳри Хуҷанд

Намояндагони Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар посух ба муроҷиати модари серфарзанд, ба аёдати зан ва кӯдакон рафта, кӯмаки моддӣ расониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар посух ба муроҷиати модари сегоникҳо ба хонаводаи сокини шаҳр кӯмаки моддӣ ирсол кард,  хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, сокини шаҳри Хуҷанд Мунаввара Ҷабборова, модари чор фарзанд пештар дар рӯзи қабули раиси шаҳр  муроҷиат кардааст, ки дар нигоҳубини фарзандони сегоникаш  танқисӣ мекашад ва аз Муҳаммадзода дархости кӯмак кардааст.

Тибқи дастури шаҳрдор, намояндагани Ҳукумати шаҳр ба хонаводаи Мунаввара Ҷабборова кӯмаки моддӣ расониданд.

"Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд тибқи дастури шаҳрдор маводи ниёзи аввалия ва уребчаҳоро барии нигаҳбонии секоникҳо ба манзили Мунаввара Ҷабборова дастрас ва аз номи Маъруф Муҳаммадзода тақдим намуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба иттилои дафтари матбуотӣ, Мураввара Ҷабборова моҳи ноябри соли 2017  дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд сегоник — се писар ба дунё оварда буд.