Ронандаҳо эҳтиёткор бошед!: муҷозоти ронанда пас аз шикояти корбари Фейсбук дар Душанбе

Нисбати ронандаи дағал ва қонуншикан бо 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Душанбе ронандаеро пас аз шикояти як корбари Фейсбук дар шабакаи иҷтимоӣ муҷозот карданд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Раёсати ВУД дар Душанбе  маводи мунташиркардаи Зӯҳро Солизода — як корбари Фейсбукро дар гурӯҳи "Барахлоқа TJ"- "Дӯстон эҳтиёт шавед!" баррасӣ кард. Дар мавод корбари шабакаи иҷтимоӣ аз муносибати дағалонаи ронанда бо мусофирон  ва идораи худрав бо суръати баланд худрав шикояӣт бурдааст.

"ВУД маводи мунташиршударо таҳти баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш хабар медиҳад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамин тавр, ВУД  муайян кардааст, ки воситаи нақлиёти тамғаи "Деу-Сиело", аломати қайди давлатиаш 0438НА01 ба шаҳрванд Норматов Абдураҳим Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав тааллуқ дорад.

Эҳтиёт шавед, қаллоб!: корбарон дар Фейсбук аз хатари сафар бо автобус огоҳӣ медиҳанд

Норматов Абдураҳим ба идораи ғайриқонунӣ бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) дар хатсайри №3 фаъолият мебурдааст.

"Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида нисбати ронандаи автомошинаи мазкур шаҳрванд Норматов Абдураҳим бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда шуд.
Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад", — тавзеҳ медиҳад ВУД.

МВД РТ задержали водителя нарушителя после жалобы пользователя ФБ

Ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ба чунин ҳолатҳо дучор гардидан, ба телефони боварии ВУД муроҷиат кунанд.