Афзоиши сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон

ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото
Сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фаъолона сармоягузорӣ мекунанд. Дар нимсолаи аввали соли равон Чин яке аз сармоягузори асосии Тоҷикистон мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон, ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар додааст Фаррух Ҳамлрализода раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Вай афзуд, ки ҳаҷми умумии сармояи воридшуда ба Тоҷикистон 3,3 млрд сомонӣ ё 350,3 млн доларро ташкил медиҳад.

Разработка новых месторождений золота, архивное фото
Чин дар Тоҷикистон коркарди конҳои тиллоро тавсеа медиҳад

Дар ҳамин ҳол дар феҳрасти сармоягузорӣ асоси ба иқтисодиёти Тоҷикистон Чин мақоми аввалро ишғол намудааст. Ин кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 885 млн. сомонӣ, маблағгузорӣ кардааст. Пас аз Чин дар феҳраст сармоягузорон Русия бо 193 млн. сомонӣ ва Туркия бо 161 млн. сомнӣ қарор гирифтааст.

Инчунин Фаррух Ҳамрализода, таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои сармоягузориҳоии давлатӣ ба маблағи 29 млрд. сомонӣ (3,07 млрд. доллар) роҳандозӣ шудааст.

Ба гуфтаи вай, бештари лоиҳаҳои давлатӣ аз тарафи БОР, Бонки ҷаҳонӣ, Чин, Бонки Аврупоии тарақиёт ва рушд ва Бонки рушди исломӣ сармоягузорӣ мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан БАТР ба иқтисоди Тоҷикистон 300 миллион евро сармоягузорӣ кард. Маблағи мазкур асосан ба рушди тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон равона шуд.