Волидон кӯдаки дусолаи худро лаънат карданду партофтанд - навори наҷоти кӯдак

Саргузашти писараке аз Нигерия, ки ӯро волидони худаш ба кӯч ронда буданд, дар видеое нишон дода мешавад. Ҳоло тамоми ҷаҳон аз наҷот ёфтани ин кӯдак хурсандӣ мекунад-акнун ӯ модари дигаре дорад
Sputnik

Ихтиёрие аз Бунёди кӯмак дар таълим ва рушди кӯдакони Африқо Аня Риннгрен Ловен моҳи феврали соли 2016 писараки дусолаеро пайдо намуд. Дар навори мудҳише, ки ихтиёриён ду сол пеш  гирфтаанд — кӯдаки африқоӣ беҳолу бемадор аст ва базӯр дар пойҳояш меистад.

Бо далоили номаълум волидон писаракро дар ҷоду муттаҳам карданд ва ӯро лаънат намуда, аз деҳа ронданд. Ӯ ҳашт моҳ дар рустои дигаре лучи модарзод сарсон шуд, ва аз партоагоҳҳо хӯрок мехӯрд. Вақте ки ӯро ихтиёриён пайдо намуданд, ӯ дар ҳолати вазнин қарор дошт. Қариб ҷисми ӯро париазитҳо пурра хароб карда буданд.

Дар наворе, ки Лорен ду сл пеш дар Фейсбук мунташир кардааст, ӯ ба кӯдак об медиҳад.

"Мо намедонем, ки писаракро барои чӣ дар ҷоду муттаҳам кардаанд. Танҳо ҳаминро медонем, ки ӯро волидони худаш партофтаанд", — менависад зан.

Писаракро Ҳоуп (дар тарҷума аз англисӣ —Умед) ном доданд. Касе ба зинда мондани вай умед надошт, аммо ихтиёриён умедашонро намеканданд ва барои ҳаёти Хоуп мубориза мебурданд. Писарак мӯъҷизавор наҷот дода шуд.

Пас аз як сол Ловен навореро мунташир кард, ки дар он Хоуп калон шудааст: ба ӯ Ловен мисли як сол пеш об медиҳад. Писарак озодаву зебо ба назар мерасад, либосҳои тоза дар тан дорад.

Ҳоло Хоуп дар хонаи кӯдакон зиндагӣ мекунад, ки онро Лорен ва шаҳвҳараш идора мекунанд. Дар кӯдакистон 35 кӯдаки дигар ҳаст, ки мисли Хоуп саршузашт  доранд.

Лорен бо ин қисса дар тамоми ҷаҳон машҳур шуд.