ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тавре сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод, мактаби қаблии деҳаи Оқмамад солҳои 60-уми асри гузашта тариқи ҳашар сохта шуда, соли гузашта бар асари боришот бомаш фурӯ рехт.
"Масъулин як гурӯҳи хонандагонро ба хонаи хусусӣ ва гурӯҳи дигарро ба мактаби деҳаи ҳамсоя кӯч додаанд, ки 15 километр дуртар қарор дорад", — омадааст дар иттилоия.
Кумита иттилоъ додааст, ки бо харҷи 4 миллион сомонӣ деҳаи Оқмамад то оғози соли нави хониш соҳиби мактаби нав гардида, ин муассиса аз мактаби асосӣ ба мактаби миёна табдил дода хоҳад шуд.
Мамадсаид Сулаймоншоев, муҳандиси сохтмони мактаб гуфтааст, бинои таълимгоҳ аз 9 синфхона, толори маҷлис, утоқи омӯзгорон иборат буда, барои таҳсили 225 хонанда пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои муҳандис, деҳаи Оқмамади ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, зимистонаш хеле сарду сербориш ва тулонӣ аст.
"Бинобар ин дар фасли зимистон бинои таълимгоҳро бо се тарз, яъне бо неруи барқ, сӯзишвории сахту моеъ гарм кардан мумкин аст. Ин таҷрибаро минбаъд дар дигар манотиқи кӯҳистонии кишвар истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст", — изҳор доштааст Сулаймоншоев.
Тибқи иттилои Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, соли равон бунёди 192 иншоот бо арзиши 55 миллиону 840 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 34 ададашон дар ноҳияи Шуғнон сохта мешаванд.