Ҳукми зиндони 14 нафар барои қасди таркондани пойгоҳи 201 дар Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе 14 узви як шабакаи байналмилалии террористиро ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардааст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон,  фаъолияти ин гуруҳ  аввали соли равон ошкор шуд. Бар асоси иттилоияи Кумита, гуруҳи мазкур таҳти роҳбарии Гулов Фахриддин, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо лақаби "Анас" ва Азамов Маҳмудҷон, сокини  25-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон қасди анҷом додани амалҳои террористиро доштаанд.

Аз ҷумла Кумита иттилоъ додааст, ки гуруҳ қасди анҷом додани амали террористӣ дар назди пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо дошта, давоми чанд рӯз ба омӯзиши ин маҳал машғул будаанд. 

Низомиёни пойгоҳи 201 дар "Лоҳур" "терорситон"-ро нобуд карданд

Гулов Фахриддин дар гузориши нашркардаи Кумитаи амният изҳор доштааст, ки "мақсади гузаронидани амалиётҳои террористӣ дар назди дивизия 201-уми ФР асосан ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон буд, то ки дар руҳияи мардум тарсу ваҳм ҷой карда шавад ва нисбат ба оромию амнияти ҷумҳурӣ ҳисси нобоварӣ пайдо гардад".

Дар идома Кумитаи амнияти миллӣ аз Фахриддин Гулов ва Маҳмудҷон Азамов фаъолони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ном бурда, таъкид намудааст, ки онҳо таълимоти динӣ ва омодагии террористӣ — диверсиониро дар қаламрави Афғонистон гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ онҳо асосан аз Русия тариқи Эрон ба Афғонистон рафтаанд

Кумита таъкид намудааст, ки Гулов Фахриддин соли 2016 шомили Ҳизби наҳзати исломӣ шуда, тариқи хатсайри ҳавоии "Челябинск-Маскав-Боку-Теҳрон-Кобул" ба Афғонистон  сафар карда ва он ҷо ба сафи ҷангиёни ТТЭ ҲНИ, ки дар ҳайати гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", воқеъ дар минтақаи Ачини шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор муқобили артиши давлатӣ меҷангиданд, пайваст шудааст.

Мақомоти амнияти милллӣ нишондоди Гуловро нашр кардаанд, ки дар бар асоси он дар Афғонистон онҳоро Хабоб, ҳамчун амири тоҷикҳо роҳбарӣ мекардааст. Баъдан Гуловро тариқи Туркия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Низомиёни пойгоҳи 201 хотираи қаҳрамонони шуравиро пос доштанд

Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди роҳбари дигари гуруҳ — Азамов Маҳмудҷон изҳор доштааст, ки ӯ низ аз Русия ба Эрон ва аз он ҷо ба Афғонистон сафар карда, таълимотӣ террористӣ — диверсионӣ гирифтааст.  Кумита изҳор доштааст, ки Азамов Маҳмудҷонро намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ,  Хабоб бо мақсади амалӣ намудани амалҳои террористӣ тавассути вилояти Бадахшон  ба Тоҷикистон фиристодааст.

"Як одам ба номи "Бисмиллоҳ"  ба Шуғнон, ки рӯ ба рӯи Бадахшони Тоҷикистон аст, овард ва аз он ҷо соати сеи шаб обро гузаштам ба Тоҷикистон дохил гаштам. Саҳарӣ ба шаҳри Хоруғ рафтам ва аз шаҳри Хоруғ ҳамон рӯз дар як мошини тамғаи "Старекс" савор шуда, ба шаҳри Душанбе омадам", — изҳор доштаст Азамов.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе Гулов Фахриддин ва Азамов Маҳмудҷон бо супориши Хавоб ячейкаи хобидаи террористиро ташкил карда, асосан таълимдидаҳои Афғонистонро ҷамъ кардаанд. Масири воридшавии аъзои ин гуруҳ асосан  Афғонистон-Эрон-Туркия-Қирғизистон-Тоҷикистон нишон дода шудааст.  

Кумитаи амният мегӯяд, фаъолияти гуруҳи мазкур моҳи феврали соли равон ошкор шуд.

Манбаъ афзуд, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2018  Азамов Маҳмудҷон Баротҷонович ва Гулов Фахриддин Қурбонмуродовичро ба муҳлати 26 сол ва аъзои дигари гуруҳро Қараев Умед Тағойбекович, Ҳамзаев Шавкат Худойбердиевич, Маҳмудов Сунатулло Талабшоевич, Шарипов Собир Холмаҳмадович, Азимов Дӯстмурод Тиллавович, Гулов Хайриддинҷон Қурбонмуродович, Гулов Аслиддин Қурбонмуродович, Камолов Далер Муслимович, ба муҳлати аз 7 моҳ то 7 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар пешгирии ҳамагуна таҳдидоти дохилию хориҷӣ ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.