Тимсоҳ қариб дасти мардро меканд - Навор аз шоу-барномаи мудҳиш

Дар Таиланд марде, ки ромкунандаи ҳайвон буд дар яке аз шоу-барномаҳо бозии хатарнокеро намоиш дод: ӯ дастонашро ба даҳони кушоди тимсоҳ мехалонид
Sputnik

Вақте ки тарбиятгари ҳайвонот дасташро ба даҳони кушодаи ҳайвони дарранда ворид кард, тимсоҳ якбора дандонҳояшро зер карда, мардро аз ин тараф ба он тараф ҳаво додан гирифт.

Дар навор дида мешавад, ки чигуна мард дасташро аз даҳони тимсоҳ халос карда, саҳнаро тарк мекунад. Эҳтимол вай барои гирифтани кӯмаки тиббӣ мешитофт.