Даҳ ситораи шоу-бизнес ва варзишкори доротарини Русияр (АКС)

Sputnik

Ситораҳои рус дар маҷаллаи Forbes аз рӯи се омил баҳогузорӣ шуданд: даромади молӣ дар як сол, аҳамият расонаҳо ба онҳо ва шавқи мухлисон дар интернет.

Маҷаллаи Forbes аз 1 июни соли 2017 то 31 майи соли 2018 ҳаққи заҳмати умумии чеҳраҳои шинохта, варзишкорон, нависандаҳои русро ҳисоб кардааст.

Маҷалла мақолаи расонаҳо ва барномаҳои телевизиониро, ки дар он ситораҳои рус ишора мешуданд, барои таҳияи феҳристи мазкура истифода намудааст.

Инчунин барои таҳияи феҳрист аз интернет низ истифода шудааст.

Ба панҷгонаи доротарин ситораҳои Рус хоккейбоз Александр Овечкин бо 14,5 миллион доллар даромад дар як сол, овозхони гурӯҳи "Ленинград" Сергей Шнуров (13,9 млн. доллар),  Филип Киркоров (8,9 млн. доллар), Георгий Лепс (8,2 млн. доллар) ва муҷрӣ Иван Ургант (8,5 млн. доллар) дохил шуданд.

1 / 10
Капитани тими "Вошингтон Кэпиталз", хоккейбоз Александр Овечкин дар варзишгоҳи "Динамо"-и Маскав Ҷоми Стэнлиро намоиш медиҳад
2 / 10
Роҳбари гурӯҳи "Ленинград" Сергей Шнуров ҳангоми консерт "20 соли хурсандӣ!"
3 / 10
Филип Киркоров, дар доираи ҷашнвораи Mercedes-Benz Fashion Week Russia дар театри драмавии Москов “Модерн” либосҳои нави тарроҳ Елена Супрунро намоиш медиҳад
4 / 10
Овозхон Григорий Лепс дар маросими XXII супурдани ҷоизаи мусиқии "Граммофони тилоӣ" дар Қасри Кремл
5 / 10
Муҷрии Иван Ургант ҳангоми намоиши либоси нави тими миллии Русия барои қаҳрамонии футболи Аврупо соли 2016 дар барномаи "Вечерний Ургант"
6 / 10
Муҷри, ҳунарпеша Олга Бузова дар маросими супурдани ҷоизаи мусиқии шабакаи телевизионии "RU.TV"
7 / 10
Овозхон Дима Билан дар сабқати байналмилалии овозхонони ҷавон "Новая волна - 2017" дар Сочи
8 / 10
Евгений Малкин (Русия) ҳангоми машқ пеш аз бозии Русия ва Словения дар XXII бозиҳои Олемпиада дар Сочи.
9 / 10
Овозхон Стас Михайлов дар фестивали байналмилалии "ЖАРА" дар Боку
10 / 10
19 марти соли 2018. Номазад ба курсии раисҷумҳурии Русия аз ҳизби "Гражданская инициатива". Ксения Собчак пеш аз мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин.