Тасмими намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Кувайт

Тоҷикистон тасмим дорад дар охири соли ҷорӣ дар Кувайт намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода сафири Тоҷикистон дар Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Шӯрои илм ва фарҳанги Давлати Кувайт Алӣ Ҳусейн ал-Юҳо масоили илмию фарҳангӣ байни ду кишварро баррасӣ намуд, иттилоъ додааст давтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷориро густариш медиҳанд

"Аз ҷумла зимни мулоқот Зубайдзода таъкид кард, ки сафорат тасмим гирифтааст, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳо, дарбаргирандаи намунаҳои дастовардҳои ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон аз қабили корду табақ, маҳсулоти оҳангариву заргарӣ ва либосҳои мардумиро баргузор намояд", — гуфт манбаъ.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки то охири соли равон намоиши фарҳангии Тоҷикистон бахшида ба эълон шудани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", дар Кувайт баргузор шавад.