Се навзоди бесаробони тоҷик ба Ватан оварда шуданд

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, се кӯдаки бесаробони тоҷик аз Русия ба Ватан оварда шуданд
Sputnik

Рустам Эмомали открыл новые поля для мини-футбола в Курган-Тюбе и Дангаре
Қарори Р. Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи кӯдакон дар сатҳи олӣ
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ,  27 июл,  шаҳрвандони Тоҷикистон —А.М.Ғ. (с.т. 01.11.2017), М.Я.Д. (с.т. 09.02.2018) ва Ш.А.Х. (с.т. 07.02.2015) тавассути ҳавопаймои  "Тоҷик-Эйр" аз Маскав ба Душанбе оварда шуданд.

Манбаъ мегӯяд, то замони сафар ба Ватан шаҳрвандони ноболиғи мазкур дар нигоҳубини Мақомоти васоят ва парастории Русия қарор доштаанд.

Вазорати умури хориҷӣ таъкид намудааст, ки  сафорати Тоҷикистон дар Русия барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ноболиғи кишвар  ва баргардонидани онҳо ба Ватан мунтазам чора меандешад.