ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Дилшод Ваисов барои роҳзанӣ дар вилояти Маскав ба 4 соли зиндон маҳкум шуда, аввали соли равон озод шудааст.
Дар ин миён ҳамсараш Нодира Кулманова бо хонаводааш ҷанҷол намуда, тарки оила кардааст. Додситонӣ мегӯяд, Дилшод соли 2013 ба воситаи телефони мобилӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст.
Аммо баъди раҳоӣ аз хешовандонаш мефаҳмад, ки собиқ ҳамсараш бо Кенҷаев Маъруф, сокини шаҳри Турсунзода муносибати маҳрамона доштааст.
Аз ҳиссиёти рашк Ваисов моҳи феврали соли равон ба хонаи собиқ ҳамсараш омада, масъалаи хиёнатро ба миён гузоштааст.
Ба иттилои додситонӣ Қулманова иддаои хиёнатро рад кардаст, аммо Ваисов бовар накардааст.
Ваисов даъво кардаст, ки хиёнатро исбот мекунад ва ҳамроҳи собиқ ҳамсару хешовандонаш ба хонаашон дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи Матқозимов рафтаанд.
Бар асоси иттилои додситонӣ, баробари ворид шудан ба меҳмонхона Дилшод ба Нодира ҳамла карда, панҷ бор бо корд ба аъзои баданаш зарба задааст. Дар пайи ин хешовандон пеши роҳи Ваисовро гирифтаанд ва Нодира дар беморхона бистарӣ шудааст.
Додгоҳи Турсунзода Дилшод Ваисовро дар сӯиқасди одамкунӣ айбдор дониста, ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.