Эълони роҳбандӣ барои таъмир ва тағйири хатсайри мусофирбарҳои № 1, 2, 3, 8, 13, 25

Автобус №8 в Душанбе, архивное фото
Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз соати 22:00-и 27 июл ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт аз буриши хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Бухоро, аз назди бинои Телевизиони "Сафина" то кӯчаи академик Раҷабовҳо қатъ карда шуд
Sputnik

Общественный транспорт в Душанбе
Эълони қатъи ҳаркати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ то мӯҳлати номуайян
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ маҳдудият ба далели таъмири роҳ дар қитъаи мазкур роҳандозӣ шуд.

Шаҳрдорӣ инчунин аз тағйири хатсайри 6 мусофирбар дар пойтахт хабар дода, афзудааст, ки мусофирбарҳои хурди № 1, 2, 13 ва 25 муваққатан тавассути кӯчаҳои Шевченко, Ҷалол Икромӣ бо баромад ба майдони Дӯстӣ ва кӯчаи Теҳрон ҳаракат хоҳанд кард.

Дар мавриди ҳаракати автобусҳои хатсайри № 3 ва 8 шаҳрдории Душанбе изҳор доштааст, ки ҳаракати ин мусофирбарҳо бо кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ ва  Шевченко бо баромад ба кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Беҳзод ва Мирзо Турсунзода ба роҳ монда мешавад.