ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ, Раҳимов ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия, асосан наздикону хешовандонашро ба сафи созмони террористии "ДИИШ" ҷалб кардааст.
Раҳимов мегӯяд, замони кораш дар шаҳри Подолск аз ҷониби саркардаҳои ин созмони террористӣ дар Русия хазиначӣ-муҳосиб таъин шудааст.
"Маблағ медоданд ва ман онро барои харҷи роҳи нафароне, ки ба Сурия мерафтанд, сарф мекардам. Дар дастам то 700 ҳазор рубли русӣ ҷамъ мешуд. Пули чиптаро медодам. Аз ҳар нафар 5 ҳазор рубл ба ман мемонд", —изҳор дошт Раҳимов дар гузориши ВУД.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, Раҳимов асосан хешону наздиконашро аз навоҳии Восеъ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода ба сафи ДИИШ ҷалб намудаст.
Ӯ мегӯяд, феълан аз кораш пушаймон аст ва аз хешовандонаш барои ин амали ҷиноии худ, ки ба ивази маблағи ночиз анҷом додааст, узрхоҳӣ намуд.