Зувайдзода: Рустами Эмомалӣ шахсан facebook мехонад

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, мегӯяд, шаҳрдор Рустами Эмомалӣ шахсан шабакаҳои иҷтимоиро пайгирӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳамаи арзу муроҷиатҳое, ки дар Фейсбук нашр мегарданд, шахсан аз ҷониби Рустами Эмомалӣ пайгирӣ мешаванд. Зувайдзода дар пайи таъкиди ҳузури Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт, ки аз рӯи ҳар арзу муроҷиати баёншуда чораҳои мушаххас андешида мешаванд. 

Ин дар ҳолест, ки ахиран занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрдори Душанбе дархост карда буданд, ки шаҳрдорӣ пеши роҳи ҷавонону мардонеро, ки ба қавле дар кӯчаю бозорҳо "гаппартоӣ" мекунанд, бигирад.

Коррупсия не, куррӯда: шарҳи сабаби барканории Қурбон Саидзода

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт,  муроҷиати занонро Рустами Эмомалӣ баррасӣ карда, дастур дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.

Вай афзуд, минбаъд аз дурбинҳои назоратии шаҳр муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло гурӯҳ чораандешӣ нисбати ин тоифа мардонро муайян накардааст.

"Пас аз омӯзиши пурраи ин масъала роҳҳои мубориза бо он муайян хоҳад шуд", — гуфт Усмонзода.