ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт аз нафароне, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба хориҷа рафтаанд, аз 218 ҳазору 760 нафар мардҳо ва 32 ҳазору 487 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вай сафари шаҳрвандон барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Беш аз 240 ҳазор муҳоҷир дар ин давра ба Русия ва наздик ба 7 ҳазор ба Қазоқистон сафар кардаанд.
Тағойзода таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия кору фаъолият мекунанд, ки қисми зиёдашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.