Варзишкори 57-солаи тоҷик барои давидан ба Маскав омад

Давандаи 57-солаи тоҷик Амонбек Неъматуллоев барои иштирок дар мусобиқаи бахшида ба 80-солагии Ф.Фейгин дар шаҳри Маскав ширкат хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Амонбек Неъматуллоев давандаи тоҷик дар мусобиқаи бахшида бахшида ба 80-солагии Ф.Фейгин дар пойтахти Русия ширкат мекунад.

Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ дар мусобиқаи дав дар масофаи 42 километрӣ иштирок хоҳад кард.

Амонбек, ду рӯз боз дар шаҳри Маскав аст ва барои иштирок дар мусобиқаи мазкур омодагӣ мегирад.

"Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур ба ман касе кумак надодааст. Ман худам ба Маскав омадам. Барои расидан ба ин мусобиқа кор кардам, пул ҷамъ кардам ва ба Маскав омадам. Ман давиданро дӯст медорам, ва тамоми умрамро ба ҳамин варзиш додам",- таъкид кард вай.

Вай афзуд, ки мусобиқаҳои пойгаҳӣ дар Россия дар сатҳи баланд гузаронида мешавад ва ӯ ифтихор мекунад, ки дар ин мусобиқа иштирок менамояд.

Мусобиқаи дав бахшида ба 80-солагии Ф.Фейгин дар Маскав аз соли 2016 баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа садҳо ҳаводорони дав иштирок мекунанд.

Амонбек, орзӯ дорад, ки дар мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон — дараҳои Ромиту Варзоб, Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин, Хоҷаобигарм, Чилучорчашма мусобиқаҳои пойгаҳи кӯҳии байналмилалӣ баргузор гардад.

Давандаи тоҷик Амонбек Неъматуллоев, дар сабқатҳои дохиливу хориҷӣ ҳам ширкат карда, соҳиби медалу ифтихорномаи зиёде шудааст.

Вай дар 28 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 17 медал, 15 диплому сертификат мебошад.