Скутерсавории ноболиғон куштаю маҷруҳ барҷой гузошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, скутерсавории ноболиғон дар шаҳри Бӯстон бо фоҷиа анҷомид
Sputnik

Се куштаю се маҷруҳ дар пайи садама бо иштироки тоҷикон (Навор)
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 25-уми июли соли 2018, тахминан соати 07:30, хонандаи синфи 10, Шарифҷон Ҷабборов ҳангоми ҳаракат бо дучархаи "Скутер" аз кӯчаи М.Турсунзода ба самти кӯчаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Бӯстон, аз уҳдаи идораи дучарха набаромада, ба симчӯби барқии канори роҳ бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа, ронандаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида,  мусофири «Скутер»-и мазкур ноболиғ, Ҳасанов Ҷамолиддин Наҷмиддинович, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 10, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.