Нигаронии Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Қирғизистон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ибрози нигаронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар Бишкек эълон намудааст, ки кишвараш аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна нигорон мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Қирғизистон: дар Тоҷикистон марзбонони моро лату кӯб кардаанд

Ба иттилои хадамоти марзбонӣ, дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар аъзои ДОИШ ва Толибон ҷамъ омадаанд, ки барои кишварҳои минтақа аз ҷумла Қирғизистон, хатари ҷиддӣ дорад.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ба хотири ҳамин таҳдидҳо Қирғизистон чораҳои амниятиро дар марз бо Тоҷикистон шидидтар карда, теъдоди посгоҳҳои марзии худро зиёд намудааст.

Инчунин Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълон кард, ки айни замон 12 нафар ҷангҷӯёне, ки аз сурияву Ироқ баргаштанд, боздошт шудаанд.