ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе дар нишасти вижае бо масъулини пойтахт аз сифати биноҳои навсохт изҳори нигаронӣ карда, талаб намуд, ки сохтмонҳо бо риояи талаботи технология анҷом дода шаванд. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
"Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳрро ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшавандаи пойтахт ҷалб намуда, риояи талаботи технологиро дар ин раванд қотеъона талаб намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Феълан дар Душанбеаз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот аз ҷумла, сохтмону азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шудааст.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз ба масъулин супориш дод, ки барои ба шаҳри муосир табдил додани Душанбе ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он чораҳои фаврӣ андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.