Дар Индонезия кӯдаке бо ду рӯй ва ду мағзи сар таваллуд шуд.
Дар навор тифл рӯйи кате хоб аст.
Писаракро Гилан Эндика номиданд. Ӯ думоҳа шудааст.
Гилан як бадан, ду даст ва ду пой дорад. Аммо рӯй ва мағзи сараш дутоанд. Ба гуфтаи пизишкон, дар батни модари кӯдак дугона буд, аммо яке аз онҳо инкишоф накарду дар натиҷа сари тифли дигар тағйири шакл кард.
Онҳо гуфтаанд, ин иллат байни 250 ҳазор нафар як маротиба метавонад рух диҳад.
Ҳоло ба саломатии кӯдак хатар таҳдид мекунад. Барои ҳамин ӯ то ҳол бо модараш дар бемористон зери назорати пизишкон мемонад.