ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, Раҳмон дар рафти сӯҳбати телефонӣ, зодрӯзи Мирзиёевро самимона муборакбод гуфт.
"Дар идомаи сӯҳбат кишвардор таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтои худ иброз намуда, дастовардҳои Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбакистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин замина президентҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.
Ёдрас мешавем, имрӯз Шавкат Мирзиёев 61-сола шуд.