Рақси зебои Юлдуз Усмонова дар ҳавои таронаи нави тоҷикиаш (НАВОР)

Шеъри таронаи тозаэҷоди Юлдуз Усмонова "Танҳо манам, танҳо манам" ба қалами шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад
Sputnik

Ҳунарманди маъруфи узбакистонӣ Юлдуз Усмонова, ки дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёде дорад, ахиран дар Фейсбук навореро мунташир кард, ки дар он зери ҳавои таронаи худаш рақс мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки ҳунарманд бо ҳаҷвнигори машҳур Обид Асомов дар назди худрав садои мусиқиро баланд карда, зери ҳавои он  рақс мекунанд. Аз худрав садои таронаи ҷадиди Юлдуз "Танҳо манам, танҳо манам" шунида мешавад.

Дар идома Юлдуз Усмонова рақскунон ба назди фурӯшандае меравад, ки зардолу мефурӯхт.

"Зардолу мехарем. Ин меваро бояд барои беҳбуди саломатӣ истеъмол кард", — мегӯяд вай.

Шеъри таронаи тозаэҷоди Юлдуз Усмонова "Танҳо манам, танҳо манам" ба қалами шоири маъруфи тоҷик Лоиқ Шералӣ тааллуқ дорад.

Навор дар саҳифаи расмии Юлдуз Усмонова дар Фейсбук чанд рӯз пештар мунташир шудааст.