Хуҷанд аз Русия 25 автобус ворид кард

Дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мешавад, ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, зимни машварати корӣ эълон кард, ки  тибқи лоиҳа ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Бунёди 88 корхона дар Суғд

Вай аз масъулини соҳаи нақлиёт барои истифодаи самараноки автобусҳои воридшуда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бино ба иттиолои манбаъ, тибқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад. Вориди 25 автобус, марҳилаи аввал мебоашд.

“Татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард”, — афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои масъулин автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат хоҳанд кард.