Шаҳрдорӣ: маоши миёна дар Хуҷанд 1237 сомонӣ ва нафақа 342 сомонӣ шуд

Шаҳрдории Хуҷанд ҳаҷми маошу нафақа дар маркази маъмурии вилояти Суғдро эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, маоши миёнаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон ба 1237,4 сомонӣ баробар гардид.

Эълони ҳаҷми нафақаи Ҳукумову Назаршоева: аз дигарон низ 15% боло меравад

"Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта, 58,1 сомонӣ, ё 5,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Пардохти музди маоши кормандони тамоми соҳаҳо зери назорат қарор дошта, имруз қарзи музди меҳнат ҷой надорад", — таъкид намудааст шаҳрдории Хуҷанд.

Манбаъ афзуд,  шумораи нафақахӯрони шаҳр 18 ҳазору 708 нафар буда, андозаи миёнаи нафақа 342,1 сомониро ташкил медиҳад ва он сари вақт таъмин гардида истодааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон  аз моҳи сентябри соли 2018 маоши кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад ва ҳаҷми нафақаю идрорпулӣ низ то 15 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт.