Камаз дар дарё кӯдакро зер кард: ҳалокати се навраси тоҷик

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се навраси тоҷик ҳангоми оббозӣ хабар дод, ки якеашро дар дарё мошини "Камаз" зер кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, 23 июли соли 2018, тахминан соати 17:30,  "КАМАЗ", таҳти идораи Хуршед Нормуратови 33-сола ҳангоми ҳаракат дар дохили дарёи Кофарниҳон дар ноҳияи Шаҳритус навраси 10-соларо зер кардааст.

"Мошини Камаз, Шукрулло Мамадиев, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 4-ум,  сокини ноҳияи Шаҳритусро, ки дар он ҷо бо дигар ҳамсолонаш ба оббозӣ машғул буд, пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ Мамадиев Ш.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат мерасад", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Нигаронии генерал Назарзода аз маргумири кӯдакон ҳангоми оббозӣ

Инчунин тибқи иттилои ВУД, 22-юми июли соли 2018, тахминан соати 15:00, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми обозӣ дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигари маргбор 23-юми июли соли 2018, тахминан соати 17:30 дар Норак рух додааст.

"Ҷавонписари 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри мазкур аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст", — иттилоъ дод дафтари матбуоти ВУД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарёҳо ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.