Дар Хуҷанд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият беш аз 300 иншоот бунёд мешавад

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон беш аз се ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолӣ бунёду навсозӣ мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд то ҷашни 30-солагии истиқлолият Тоҷикистон 3 ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду навсозӣ мешаванд. Аз ҷумла танҳо дар шаҳри Хуҷанд беш аз 300 иншоот бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва шаҳрдори Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода, барои бунёди чанд иншооти иҷтимоӣ санги асос гузоштанд.

Бунёди 88 корхона дар Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд аз рафти корҳои навсозии кӯдакистони №3 ва оғози сохтмони зеристгоҳи барқии «Темурмалик», воқеъ дар маҳаллаи Раззоқ, дидан карданд. Ин иншоот қарор аст, то моҳи сентябри соли 2019 ба истифода супурда шаванд.

Ҳамзамон мумфаршкунии кӯчаи Усмон Қосимови маҳаллаи Тиллокон, оғоз ёфт.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ навсозии Қалъаи Хуҷанд, бунёди Боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, хонаи маданият ва китобхона дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳр, навсозии меҳмонхонаи «Ленинобод», бунёди роҳи танобӣ ва ба истифодадиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ ва майдончаҳои варзишӣ низ дар назар аст.