Сӯиқасд ба ҷони бародар

Дар вилояти Суғд як марди 44 сола бародар худро ду корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ сокини шаҳри Исфара бародари 50 солаи худро 2 маротиба корд задааст.

Ин чӣ шӯрест: кордкашии бародар ба бародар дар Исфара

Ба гуфтаи манбаъ марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара, дар ҳавлии истиқоматии бародари 50-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 2-маротиба ба шикамаш задааст.

"Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст", иттилоъ додааст ВУД Тоҷикистон.

Дар ҳоли ҳозир кормандони пулиси Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро пайгирӣ доранд.