Ихтисори 10 дарсади кормандони бонки "Эсхата"

Бонки "Эсхата", ахиран эълон кард, ки 10 дарсади кормандонашро ихтисор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Масъулини дафтари матбуоти Бонки "Эсхата" таъкид карданд, ки Бонк давоми шаш моҳи аввали соли равон 10 дарсади кормандонашонро ихтисор кардааст.

Барномаи Бонки Эсхата дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд

Ба гуфтаи манбаъ, як қисми коргарон бо сабаби қатъ гардидани фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва қисми дуюм дар натиҷаи аттестатсияи ихтисор шуданд.

Инчунин ба гуфтаи масъулини бонк, дар шаш моҳи соли равон баъзе марказҳои хизматрасонии бонк низ баста шуд.

Ихтисори кормандони бонки "Эсхата" дар пайи як тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст, ки дар оғози соли равон анҷом ёфта буд. Моҳи феврали соли равон Хуршед Носиров аз роҳбарии бонки "Эсхата" сабукдӯш ва зимоми раҳбарии ин бонк ба дасти Акбар Назаров гузашт.