Кишварҳои Осиёи марказӣ дар Узбакистон форуми иқтисодӣ мегузаронанд

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Узбакистон форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Узбакистон форуми иқтисодӣ баргузор намоянд.

Бино ба иттилои вазорати умури хориҷаи Узбакистон, 21 июли соли ҷорӣ Абдулазиз Комилов вазири умури хориҷаи ин кишвар дар ҷаласаи вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ширкат намуд.

"Абдулазиз Комилов ба ширкаткунандагони ин ҷаласа пешниҳод намуд, ки дар форуми минтақавии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст моҳи октябр баргузор шавад, иштирок намоянд", — гуфт манбаъ.

Зимни ҷаласа тарафҳо дар масалаҳои муҳими минтақавӣ, табодули афкори судманд анҷом доданд. Инчунин тарафҳо механизмҳои рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар Осиёи Марказиро низ баррасӣ намуданд. Дар охири ҷаласа тарафҳо баёнияи муштарак қабул намуданд.

"Дар баёнияи мазкур аҳамияти ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар моҳи марти соли 2019 дар Тошканд баргузор мешавад, қайд намудангд",- таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин тарафҳо, рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа, густариши имкониятҳои транзитӣ ва нақлиётии минтақаро баррасӣ намуданд.

Аввалин мулоқоти гурӯҳи машваратии роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона сурат гирифт