Тарҳрезии 2 сафари Раҳмон ба Тошканд дар 8 моҳи оянда

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 8 моҳи оянда ҳадди ақал ду бор аз Тошканд боздид хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Тибқи изҳороти муштараки вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки баъди мулоқот дар Исиқкӯли Қирғизистон, 21 июл нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Миёна моҳи марти соли 2019 дар Тошканд ҷамъ меоянд. Мавзӯъҳои меҳварии мулоқот идораи муштараки захираҳои обу энержӣ, амнияту аломатгузории марзҳо, додугирифти мол ва нақлиёт арзёбӣ шудаанд.  

Раҳмон моҳи август 80 намояндаи илму фарҳанги Тоҷикистонро ба Узбакистон мебарад

Вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ раванди мусбати муносиботи кишварҳои минтақаро таъкид кардаанд. Онҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки мулоқоти сарони давлатҳои ОМ дар Тошканд барои ҳамгироии бештари кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли равон низ боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон аз Узбакистон дар назар аст. Дар ин сафар ба Тошканд Эмомалӣ Раҳмонро баробари тоҷирону масъулини кишвар, инчунин беш аз 80 намояндаи илму фарҳанг ҳамроҳӣ хоҳанд кард.